Субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати роҳҳои маҳаллӣ ва корҳои зимистонаи кишоварзӣ, бо иштироки муовини якум ва муовинони соҳавӣ бо сафари корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Алмосӣ ташриф овард.
Раиси шаҳр бо фаъолияти кормандони муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар шаҳр, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои болозикр қарор доранд шинос шуда, аз сифати корҳо дар баъзе аз минтақаҳои роҳ изҳори нигаронӣ намуд ва барои такроран пошидани маводи зидди лағжиш дар нишебиҳои роҳи мошингард, ба масъулини соҳа супоришҳои қатъи дода шуд.
Ҳамчунин, аз боғу токзори хоҷагиҳои ниҳолпарварии Искич ва хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Алмосӣ дидан карда, кормандони Раёсати кишоварзӣ ва дастгоҳи ҷамоатро ба беҳтар ташкил намудани корҳои зимистонаи кишоварзӣ, ҳидоят намуд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси шаҳр бо ҳолати роҳи самти Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ шинос гардида, ҳамзамон, барои ҳарчи зудтар аз барф тоза намудани дарахтони шафати роҳи мазкур, ки ба қариби шинонида шудааст, кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ, Дурбат, Сомон ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳрро вазифадор намуд.



