30 январи соли 2026 дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштроки раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Лангарӣ Бахтиёр Салмон ва Комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ полковник Тоҳирзода Умед бо фаъолони шаҳр мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот масъалаи омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст, муовини якуми раиси шаҳр, ҳазамон раиси Комиссияи сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ Каримзода Сироҷиддин натиҷаҳои ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ва баҳории ҷавонон ба хизмат дар соли 2025, инчунин, фаъолияти комиссияҳои даъват ва тиббӣ, Комиссариати ҳарбӣ, кормандони дастгоҳ ва мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳалла, ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ин самт мавриди таҳлил қарор дода, оид ба ҳолати омодагии Комиссияи даъват, Комиссариати ҳарбӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба даъвати навбатии баҳорӣ дар соли 2026 гузориши муфассал дод.
Ёрдамчии калони прокурори шаҳри Ҳисор Ҳамро Ғиёс ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро аз вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд номида, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, афзалияти хизмати ҳарбиро нисбат ба намудҳои дигари хизмати давлатӣ шарҳу эзоҳ дод.
Сипас, муколламаи озод доир гардида, сархатиби шаҳр, ва падари сарбози дар хизмат қарордошта фикру мулоҳизаҳои хешро нисбат ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштаанд ва онро қарзи ҷонию имонӣ ва шарафмандонаи ҳар як ҷавони бонангу номуси Ватан, мактаби мардонагӣ, шуҷоат ва далерӣ маънидод намуданд.
Раиси шаҳр оид ба ҳолати воқеии омодагӣ дар шаҳр ба сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2026 ва ҷалби даъватшавандаҳо ба курсҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, масъулони комиссариат, раисони ҷамоат, сардорони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳо, раисони маҳалла ва дигар шахсони масъулро пурсиш намуд.
Муовини сардори Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Ҷувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Лангарӣ Бахтиёр Салмон суханронӣ карда, аз вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили Артиши миллӣ ва ҷоннисории фарзандони Ватан дар роҳи барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ ва роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи марзу бум, инчунин, шароитҳо дар қисмҳои ҳарбӣ ёдовар шуда, итминон намуд, ҷавонони шаҳри Ҳисор аз рӯзҳои аввали даъват ба Комиссариати ҳарбӣ омада, барои ихтиёрӣ сафарбар шудан ба хизмати ҳарбӣ омодагии хешро изҳор медоранд.
Ҳамчунин, ҷиҳати дар ҳолати омодагии доимӣ қарор додани ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар соли 2026, масъулинро муваззаф намуд.
Дар интиҳои мулоқот, раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, барои иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, сафарбарии даъватшавандаҳо ба курсҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар соли 2026, масъулинро вазифагузорӣ намуд.



