Озмуни ҷумҳуриявӣ, ки бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025, дар номинатсияҳои гуногун эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон, 27 январи соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода баргузор гардид.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор, ҳамчун “Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025”, бо “Диплом”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

