28 январи соли равон дар назди “Амфитеатр”-и боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва доираи васеи меҳмонону сокинони шаҳр, бахусус, кишоварзон чорабинии пуршукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар доираи барномаҳои ҷашнӣ дар кӯчаи ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов бо ташаббуси кормандони Раёсати кишоварзӣ, муассисаву корхонаҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр намоиши намунаҳои техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маснуоти оҳангарӣ ва пухтупази миллӣ, аз ҷумла маҳсулоти нонӣ баргузор карда шуд.
Пас аз боздиди намоиш, Носирзода Ҷаббор дар бораи ҷашни Сада, таърихи пайдоиш, моҳият, ҳадафҳо ва нақши бузургаш дар рӯзгори ҳазорсолаи мо суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки Сада бо таърихи қадимаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва аҷдодамон маҳсуб ёфта, ниёгони мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил менамуданд ва бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо аз нав эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуд ва ба муҳимтарин ҷашни миллӣ табдил ёфтааст, ки ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо маҳсуб меёбад.
Таҷлили ҷашнҳои бошукӯҳи умумимилӣ нишонаи ваҳдат, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории мардуми диёр, аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамзамон, рамзи меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат, арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ба эҳёи ҷашну маросимҳои миллии бостонӣ маънидод мегардад.
Ҳамчунин, раиси шаҳр дар чорабинӣ, дар фазои тантанавӣ як қатор пешқадамони истеҳсолот ва собиқадорони соҳаи кишоварзиро, ки дар рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзишманд гузоштаанд, бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонид.


