Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

Имрӯз, 27 январ дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таҷлил гардид,
Дар чорабинии тантанавӣ муовини раиси шаҳр Зиёвиддинзода Гулноза иштирок ва суханронӣ карда, аз номи раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳрро табрику таҳният гуфт.
Ҳамчунин, дар чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони фаъоли соҳа “Сипоснома”- и бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор, тақдим гардид ва барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи консертии омоданумудаи хешро пешкаш намуданд.