Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор 27 январи соли равон бо иштироки масъулини соҳа бо мақсади шиносоӣ бо шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр, дар маҳаллаҳои Камоли Хуҷандӣ ва Омӯзгори Ҷамоати шаҳраки Ҳисор аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии русии рақами 1, ба номи Мирзо Турсунзода ва рақами 10, ба номи Ғуломалӣ Хидиров боздид намуданд.
Дар муассисаҳои таҳсилотӣ, раиси шаҳр ба корҳои таъмиру ободонии муассисаҳо, ҳолати гармидиҳӣ дар синфхонаҳо ва давомоту дониши хонандаҳо мароқ зоҳир карда, аз якчанд синфхона дидан намуд. Ҳамчунин, аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми омӯзгор, ки мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор маънидод карда, изҳор дошт, ки роҳбарияти шаҳр заҳмати омӯзгоронро қадру эҳтиром менамоянд ва ба таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ ва амалӣ гардидани фаъолияти касбии онҳо мусоидат менамоянд.
Раиси шаҳр бо омӯзгорону хонандагон атрофи масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия ва корҳои берун аз синфӣ, алоқаи падару модарон бо мактаб суҳбат ороста, ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо ва устувор намудани мавқеи мактабу маориф соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсати давлатии хеш қарор дода, ба соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд, онҳоро ба садоқат ва масъулиятшиносии бештар ҳидоят намуд.
Раиси шаҳрро дар сафари корӣ муовини соҳавии раиси шаҳр Зиёвиддинзода Гулноза ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҳусниддин Сангинов ҳамроҳӣ намуданд.


