26 январи соли 2026 таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор машварати навбатии назоратии раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, мудири шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳр Ҷамолзода Абдулазиз мазмуни мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 6 январи соли 2026, №30/10-1 (4) дар бораи “Вазъи кор бо муроҷиатҳо дар соли 2025”, ки ба мақомоти иҷроияи ворид гардидааст, инчунин ҳолати воқеии фаъолияти шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳрро оид ба баррасии Барнома, Стратегия ва консепсияҳо, инчунин баррасӣ ва ҷавоб гардонидан ба муроҷиати шаҳрвандонро дар соли 2025, манзури масъулин намуд.
Дар идомаи машварат муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва иҷрои супоришҳои протоколии машваратҳои қаблӣ гузориш доданд.
Сипас, раиси шаҳр дар робита ба ҳолати роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва маҳаллӣ дар барфрезишҳои рӯзҳои охир, низоми барқу обрасонӣ ва баровардани партов дар шаҳр, роҳбарони муассисаҳои марбутаро пурсиш карда, барои ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта, мушаххас вазифагузорӣ намуд


