Раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ҳангоми шиносоӣ бо корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, дар рустои Бағалак бо корҳои кишоварзии сокинон шинос гардида, аз гармхонаи хоҷагии деҳқонӣ (фермери)-ӣ “Назар-2” боздид намуд.
Раиси шаҳр ҳангоми боздид аз гармхона бо ҷараёни кӯчати ниҳолҳо ва парвариши сабзавоти барвақтӣ, инчунин нашъунамои дарахтони ситрусии субтропикӣ аз қабили лимону афлесун, инчунин қулфиной, ки тавассути истифодаи самараноки замин бо усулҳои муосир парвариш меёбад, шинос гардид. Тавре иброз гардид, деҳқонон дар гармхона пас аз ҷамъоварии ҳосили помидору бодиринг кишти дуюми сабзавоти барвақтиро роҳандозӣ намуданд.
Риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ва саривақт додани ғизои органикӣ имкон медиҳад аз гармхонаҳо ҳосили баланд ва фоидаи бештар ба даст овард, – таъкид дошт раиси шаҳр. Соҳибкор Хуршед Ятимов ҳавасмандии хешро барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ иброз дошта, раиси шаҳрро бо тарҳи гармхонаҳои нав шинос намуд ва афзуд, ки ният дорад боз ду гармхонаи дигар бунёд карда, барои занҳои хонашини ҳамдеҳааш чандин ҷойҳои кори доимӣ таъсис диҳад ва, инчунин, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми шоиста гузорад.

