Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ЧОРВОДОРӢ АЗ САМТҲОИ МУҲИМИ СОҲАИ КИШОВАРЗИСТ

Дар шаҳри Ҳисор чорводорӣ аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. 24 феврали соли равон раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бо масъулини соҳаи кишоварзии шаҳр аз фермаи калони ширии ҶДММ “Латиф Муродов” дидан намуд.
Раиси шаҳр аснои боздид аз фермаи чорводории хоҷагӣ, ки дар шаҳр яке аз базаҳои асосии таҷрибавӣ ва намунавии зотпарварӣ маҳсуб меёбад, ба корҳои ободонӣ дар дохил ва атрофи ферма ба муносибати 35-солагии Истиқлолият, масъалаҳои шароити кории кормандон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳолати нигоҳубини чорвои ширдеҳ, захираи хӯрока ва моддаҳои ғизоии таркиби он, ҳаҷми истеҳсоли шир ва дастгоҳҳои муосири толори ширдӯшӣ таваҷҷӯҳ карда, саҳми ҷамъиятро дар рушди кишоварзӣ дар шаҳр назаррас арзёбӣ намуд.
Сарвари хоҷагӣ Баҳриддин Солеҳов изҳор дошт, ки, масъулони ҷамъият барои зиёд намудани саршумори чорвои хушзот ва афзудани ҳаҷми истеҳсоли шир кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва ба ифтихори 35-умин солгарди ҷашни умумимиллии Истиқлолият, соли 2026-ро бо дастовардҳои арзишманди меҳнатӣ ҷамъбаст менамоянд.