Субҳи имрӯз, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ташриф оварда, дар деҳаи Бағалак бо корҳои ободонии сокинони деҳа шинос гардид.
Дар даромадгоҳи деҳа, раиси шаҳр бо пирони ободкори деҳа вохӯрӣ кард ва бо тарҳи зебои дарвозаи тозабунёд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолият сохта мешавад, шинос гардид.
Ҳамчунин, дар маъракаи ниҳолшинонии сокинони деҳа иштирок карда, дар шинонидани дарахтон ҳамраъйӣ намуд ва ба ободкорони деҳа барои иқдомҳои ободонии зодгоҳашон, сипосгузорӣ кард.
Тибқи нақшаи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, соли 2026, дар доираи “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 20 ҳазор ва деҳоти Деҳқонобод зиёда 1000 ниҳолҳои ороишию сояафкан, инчунин садҳо адад ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида хоҳанд шуд.

