Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ДЕҲҚОНОБОД

24 феврали соли 2026, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳокимияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод сафари корӣ анҷом дода, нимаи дуюми рӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5, ба номи Абурайҳон Берунӣ бо фаъолону сокинони деҳоти мазкур мулоқот баргузор намуд.
Зимни суханронӣ раиси шаҳр зикр намуд, ки мулоқоти роҳбарияти шаҳр бо фаъолону сокинони ҷамоат вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026-ро, соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудаанд, ҳамчунин, дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум ба аъзои Маҷлиси миллӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба вусъат бахшидани корҳои тозагию ободонӣ, истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, омодагӣ ба мавсими киштукор ва даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таъкид доштанд, баргузор мегардад.
Дар мулоқот муколламаи озод баргузор гардида, раиси шаҳр аз муовини якуми раиси шаҳр, ҳамзамон, раиси комиссия оид ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолият, роҳбари зергурӯҳи корӣ дар ҷамоат вобаста ба вазъи воқеии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоат ва рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳои ҷамоат бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, камбудиҳои ҷойдошта дар ҳудуди ҷамоат, ки ҳангоми сафари кории роҳбарияти шаҳр ба назар расид, пурсиш намуд.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашнҳои дар пеш истода, бунёди иншооти ҷашнӣ ва мавриди истифода қарор додани онҳо, сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии андозҳо ва маблағи барқу об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ, самаранок истифода бурдани замин ва ҳолати фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, саноату сохтмон, инчунин, ҳалли дигар мушкилоти иҷтимоии сокинони деҳоти Деҳқонобод мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷамъбасти мулоқот раиси шаҳр ба саволу пешниҳодҳои фаъолон таваҷҷӯҳ карда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои болозикр, инчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор намудани ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлолият, масъулинро вазифагузорӣ намуд.