Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАР ШАҲРАКИ ҲИСОР ЛОИҲАИ МАКТАБИ НАВ БАРОИ 1600 ХОНАНДА МУАРРИФӢ ГАРДИД

24 феврали соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо тарҳи лоиҳаи бунёди бинои иловагии таълимӣ барои 1600 хонанда дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5, ба номи Абурайҳон Берунӣ шинос гардид ва барои дар наздиктарин муддат оғоз намудан ба корҳои сохтмонӣ, ба масъулони лоиҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бинои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорон дар се ошёна бо 33 синфхона, китобхона, синфхонаҳои озмоишгоҳи физика, кимиё, омӯзиши компютер ва утоқ барои омӯзгорон бунёд ёфта, дар соли хониши 2026-2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Раиси шаҳр, ҳамчунин, дар деҳаҳои Муъминобод ва Лангари Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бо ҷараёни сохтмони ду бинои иловагии мактаб дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 30 ва 36 шинос гардид ва бо масъулони сохтмон суҳбат карда, онҳоро ба вусъати корҳои сохтмон ҳидоят намуд.
Ҳамзамон, омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ҷиҳати муҷаҳазгардонии синфхонаю утоқҳои кории муассисаҳои тозабунёд бо ҷиҳози хониш, аз ҷумла, мизу курсӣ, иброз дошт.