Кишоварзони шаҳри Ҳисор барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ ва барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳи зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, картошка чораҳои мушаххас меандешанд.
24 феврали соли равон дар саҳрои ҶДММ “Латиф Муродов” маъракаи кишти картошка баргузор гардид. Дар маросими оғози кишт раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок карда, бо дуои пирони кор тухмиҳои аввалини картошкаро зери хок кард ва ба кишти он дар шаҳр, оғози расмӣ бахшид. Итминон карда шуд, ки деҳқонони шаҳр соли 2026 дурнамои пешбинишудаи кишти картошкаро иҷро карда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд ва фаровонии бозори дохилиро аз ҳисоби маҳсулоти худӣ, таъмин менамоянд.

