Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ АДИБ СОБИР ЗИКИРЗОДАИ ШОҲОНӢ

Дар толори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисор бо ташаббуси шуъбаи фарҳанг дар ҳамкорӣ бо бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 95-солагии адиб ва рӯзноманигори зиндаёд Собир Зикирзодаи Шоҳонӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки Собири Шоҳонӣ очерк ва мақолаҳои сершумор эҷод карда, якчанд китоб бо номҳои «Сарнавишти Ҳоҷӣ Раҳматулло» (1997), «Бозгашти булбул» (1997), «Махсуми ғазалхон» (1998), «Ситораи шафқат» (1999), «Дурдонаҳои Алмосӣ» (2002), «Қалъаи Ҳисор» (2002) ба нашр расонидааст. Устод тарҷумони моҳир низ, буд ва асарҳои донишмандону адибони халқу миллатҳои дигарро ба тоҷикӣ баргардон ва чоп намудааст.
Дар назм, наср ва публисистика асарҳои пурарзиш, аз қабили – «Соҳиби оташкада» (1994), «Муаллими самарқандӣ» (1996), «Чароғҳои Уялӣ» (ҳамроҳи Алӣ Бобоҷон (1996), «Додгустари суханвар» (1997), «Шукуфаи илҳом» (2001), «Ҳадиси зиндагӣ» (2001), «Чорбоғ» (2003), «Куллиёти осор» (2013) ба табъ расондааст.
Собири Шоҳонӣ бо Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1998), Унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999), ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони «Ветерани меҳнат» сазовор гаштааст. Литсейи бачагони лаёқатманди шаҳри Ҳисор ба номи Собири Шоҳонӣ гузошта шудааст.
Дар маҳфил аҳли ҳунари ансамбли шашмақомсароёни “Шамси Ҳисор” таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддинов мақомсароӣ намуданд.