Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати назорати буҷетҳои маҳаллӣ Толиби Ҷамшед ва сармутахассиси Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Агентӣ Раҷабалӣ Комрон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, масъулони Раёсати молия ва нозироти андоз, роҳбарону муҳосибони муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Дар ҷаласа пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2026, №1.3-5/262 “Дар бораи рафъи сабабу шароитҳое, ки барои содир намудани қонунвайронкуниҳо мусоидат намудаанд” баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки тибқи нақшаи кории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 10 ноябр то 25 декабри соли 2025 ҳолати маҷмуи ташаккул ва иҷрои буҷети шаҳри Ҳисор дар давраи аз моҳи ноябри соли 2023 то моҳи ноябри соли 2025 мавриди тафтиш қарор гирифта буд. Аснои санҷиш, маблағгузорӣ ва масрафи он дар соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомотҳои молия, андоз, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, хизматрасонӣ ва ғайраҳо таҳлил гардида, вобаста ба камбудиҳои ошкоргардида ва ислоҳи онҳо пешниҳоди Агентӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ворид гардидааст.
Сармутахассиси Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Агентӣ Раҷабалӣ Комрон пешниҳодро манзури иштирокчиёни ҷаласа кард ва раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор омилони камбудиҳоро пурсиш карда, барои минбаъд роҳ надодан ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти молиявидошта мусоидат кардааст, вазифагузорӣ намуд.
Ҳамчунин, таъкид дошт, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр натиҷаи тафтиш ва масъалаи ислоҳи камбудиҳои дар пешниҳод дарҷгардидаро мавриди таваҷҷӯҳи доимӣ қарор дода, барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, барои рӯёнидани маблағи боқимондаи зарарҳои расонидашуда корбарӣ менамоянд ва аз натиҷаи он, дар муҳлати муайяншуда ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ахборот ирсол хоҳанд намуд.
Ҳамзамон, барои дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар самти баҳисобгирии муҳосибӣ бо масъулин машғулиятҳои омӯзишӣ доир карда, риояи муқаррароту талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи хазинадорӣ”, “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ”, Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” ва риояи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад ва корҳо дар ин самт минбаъд тақвият бахшида мешавад.