Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИСТИҚБОЛИ АБДУҶАЪФАР ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Аз 6 то 8 марти соли 2026 дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус – шаҳри Минск мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Қавитанҳо” баргузор гардид. Дар он дастпарвари муассисаи давлатии “Мактаби варзишии ба номи Абдуманон Зокиров”- и шаҳри Ҳисор, узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Таэквон-до ВТ Абдуҷафари Баходур дар вазни 59 кг иштирок карда, бо 5 ҳарифи худ дастболо шуд ва сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардид.
Пас аз баргашт ба ватан, ӯро муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин, кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, ҳамсабақону ҳампешаҳо ва дӯстонаш дар фазои тантанавӣ, таҳти навои сурнаю карнай бо гулдастаҳо истиқбол гирифта, бо ғалабаи навбатӣ табрику таҳният гуфтанд.