11 март дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини раиси шаҳр Зиёвиддинзода Гулноза, собиқадорону кормандони соҳаи матбуот, колективҳои эҷодии рӯзномаю маҷаллаҳои шаҳрии “Ҳисори Шодмон”, “Ҳисори зарнисор”, “Маорифи Ҳисор”, аҳли адаб ва қаламкашони ҷавон бахшида ба 114-солагии матбуоти тоҷик чорабинӣ баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳр бо сухани муқадимавӣ баромад карда, Паёми шодбошии раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷабборро манзури аҳли нишаст намуд.
Зикр гардид, ки ҳамасола, 11 март аҳли қаламу сухан Рӯзи матбуоти тоҷикро, ки аз чопи аввалин шумораи рӯзномаи “Бухорои Шариф” дар соли 1912 манша гирифта, аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар садсолаи гузашта маҳсуб меёбад, пуршукӯҳ таҷлил менамоянд.
Матбуоти тоҷик аз давраи пайдоиш ду марҳала – пеш аз инқилобӣ ва замони шӯравиро паси сар карда, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор фарқкунанда ворид гардид ва ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти тоҷик – давлатӣ ва бо талаботи замон мустақил, ки шуморааш аз ҷиҳати миқдор нисбат ба расонаҳои ҳукуматӣ ба маротиб зиёд аст, такмилу ташаккул ёфт. Хушбахтона, ҳадафи асосии ҳарду ҷониб иҷрои рисолати касбӣ ва хизмати содиқонаю софдилона ба манфиати давлату миллат мебошад.
Дар робита ба дарки зарурияти ин масъулият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд:
«Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Дар чорабини, ҳамчунин сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳисори Шодмон” Қурбонмурод Асоев, масъули дафтари матбуотии шуъбаи фарҳанг Фирдавсӣ Нуралиев суханронӣ карданд ва аз хизматҳои Пешвои муаззами миллат дар масири давлатсозии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди матбуот ва табъу нашр ёдовар шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро беҳтарин бозёфт барои миллат унвон карданд, ки баъд аз ҳазорсолаҳои бедавлатӣ миллатро сарҷамъу муттаҳид ва Тоҷикистонро эҳё намуд. Инчунин, нақши матбуотро дар худшиносиву худогоҳии миллат ва тарбияи аҳли ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Сипас, муовини раиси шаҳр дар фазои тантанавӣ ба колективи эҷодии рӯзномаи “Ҳисори Шодмон” барои нашри маводҳо дар мавзуҳои ҳифзи муқаддасоту арзишҳои миллӣ, ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандӯстию худшиносӣ ва саҳми муносиб гузоштан ба рушди матбуоти тоҷик туҳфаи таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.



