12 марти соли равон намояндаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Салимзода Амонулло ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо роҳнамоии раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва Ҷамоати шаҳраки Шарора, аз боғи олузори ҶДММ “Кишмиши Тӯда” ва Боғи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон дидан карданд ва бо ҳолати сабзиши гулу муғчаи дарахтон баъд аз барфрезӣ ва хунукиҳои рӯзҳои охир шинос гардиданд.
Ҳайат, ҳамчунин дар деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо дар маъракаи ниҳолшинонии сокинони ҷамоати мазкур иштирок карда, бо дуои пирони кор ба ниҳолшинонӣ оғоз бахшиданд. Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳр дар боғи мазкур зиёда аз 300 адад дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шудааст.
Аснои ниҳолшинонӣ муовини Сарвазир бо ҳашарчиён суҳбат ороста, барои иқдоми ободкорона изҳори сипос намуд. Ҳамзамон, муовини Сарвазир ҷиҳати эмин нигоҳ доштани боғу токзор аз сармозанӣ, ки вобаста ба тағйирёбии иқлим дар сайёра ва зиёд гардидани муҳлати сардиҳо дар аввали фасли баҳор аз эҳтимол дур нест, ба деҳқонон тавсияву маслиҳатҳои судманд дода, изҳори умедворӣ карданд, ки боғдорони шаҳр дар муқобили ҳама гуна ҳодисаҳои табиӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд ва дар соли ҷашнгирии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил мегарданд.



