Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР БААЗ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ

13 марти соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, роҳбари зергурӯҳи кории 35-солагии Истиқлолият бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ, бахусус, бунёди иншооти ҷашнӣ бо сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ ташриф оварданд.
Ҳайат, дар деҳаи Кафшдӯзон бо ҷараёни сохтмони бинои иловагии мактаб дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ва фаъолияти сардхона дар деҳаи мазкур шинос гардиданд.
Дар идомаи сафари корӣ аз корҳои саҳроӣ дар Корхонаи давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич”, боғу токзори он дидан карданд.
Ҳамчунин, дар деҳаи Рағоба аз фаъолияти корхонаи парандапарварӣ боздид карда, дар деҳаи Истонӣ аз рафти корҳои сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71, ба номи Раҳимов Маҷид боздид намуданд.
Раиси шаҳр аснои боздид аз иншоот бо соҳибкорон, омӯзгорон ва сокинони деҳаҳои болозикр суҳбат карда, бо идҳои баҳор шодбош гуфт ва барои дастгирии сиёсати созандаву ободкоронаи Ҳукумати мамлакат бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос кард. Бо итминон иброз дошт, ки сокинони ватандӯсти деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ сохтмони иншооти боқимондаро вусъат мебахшанд ва ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолиятро бо дастовардҳои назаррасӣ меҳнатӣ истиқбол менамоянд.