Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР БО ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ

13 марти соли 2026, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ сафари корӣ анҷом дода, нимаи дуюми рӯз дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо фаъолону сокинони деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот раиси ҷамоат ва роҳбари зергурӯҳи кории 35-солагии Истиқлолият, вобаста ба рушди самтҳои иҷтимоию иқтисодии ҷамоат ва рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳои ҷамоат бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Раиси шаҳр оид ба иҷрои корҳои боқимонда ва камбудиҳои ҷойдошта, ки аснои сафари кории роҳбарияти шаҳр ба мушоҳида расид, масъулинро пурсиш карда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, саноату сохтмон, кишоварзӣ, инчунин, барои дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳар як деҳаи ҳудуди ҷамоат, вазифагузорӣ намуд.
Дар ҷамъбаст бо иштирокдорони мулоқот мубодилаи афкор доир гардид ва аз ҷониби раиси шаҳр саволу пешниҳодҳои сокинони ҷамоат шунида шуд.