14 март раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҷараёни сохтмони иншоот дар бозори марказии шаҳр шинос гардида, ҳамзамон аз якчанд растаҳои фурӯши молу маҳсулот дар бозорҳои “Самоҳ” ва бозорчаи “Самад”, инчунин таввақуфгоҳи таксиҳои мусофирбар дар маркази шаҳрак дидан намуд.
Зимни боздид раиси шаҳр ба шароити баъзе дӯкону растаҳо ва фаъолияти бархе аз фурӯшандаҳо эрод гирифта, масъулони бозорҳоро ба бартараф кардани камбудиҳо ҳидоят намуд, инчунин, ҷиҳати пешгирӣ аз боло бурдани нархи молу маҳсулот дар арафаи иду ҷашнҳои дарпешистода, ба масъулони бозорҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

