Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА БО УСУЛИ ЗЕРИ ПЛЁНКА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор З апрели соли равон дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ҳисор дар заминҳои ҶДММ “50-солагии Октябр” бо рафти кишти пунбадона, ки бо усули зери пилёнка роҳандозӣ шудааст, шинос гардид.
Дар саргаҳи замини хоҷагӣ раиси шаҳр бо роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии пахтакор оид ба бартариятҳои ин усул суҳбат карда, таъкид намуд, ки истифодаи таҷрибаҳои пешрафта, аз ҷумла кишти пахта дар зери плёнка якчанд бартарият дошта, барои гирифтани ҳосили фаровон ва баландсифат замина мегузорад. Ин усул хароҷоти истеҳсолиро кам карда, ба афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат менамояд ва минбаъд зина ба зина гузаштан ба ин усулро дар дигар хоҷагиҳои пахтакор, ҳатми шуморид.
Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ кишти пунбадона дар якчанд хоҷагиҳои пахтакорӣ аз имрӯз шуруъ шуда, деҳқонон азм доранд дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд иҷрои дурнамои кишти пахтаро дар шаҳр дар майдони зиёда аз 800 гектар таъмин намоянд.