Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАР ШАҲРИ ҲИСОР КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ГАРДИД

З апрели соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ориён дар хоҷагии деҳқонии шарикии “Мурутак” бо иштироки муовинони раиси шаҳр, кормандони соҳаи агросаноатии шаҳр бо дуои пирони кор-деҳқонони собиқадор ба маъракаи кишти пунбадона оғози расмӣ бахшиданд.
Ҳамчунин, сафари кории раиси шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор идома ёфта, дар заминҳои ҶДММ “50-солагии Октябр” аз ҷараёни кишти пунбадона, ки бо усули зери пилёнка роҳандозӣ шудааст, дидан намуд. Дар саргаҳи замини хоҷагӣ раиси шаҳр бо роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии пахтакор оид ба бартариятҳои ин усул суҳбат карда, таъкид намуд, ки истифодаи таҷрибаҳои пешрафта, аз ҷумла кишти пахта дар зери плёнка якчанд бартарият дошта, барои гирифтани ҳосили фаровон ва баландсифат замина мегузорад. Ин усул хароҷоти истеҳсолиро кам карда, ба афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат менамояд ва минбаъд зина ба зина гузаштан ба ин усулро дар дигар хоҷагиҳои пахтакор ҳатми шуморид.
Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ кишти пунбадона дар якчанд хоҷагиҳои пахтакорӣ аз имрӯз шуруъ шуда, деҳқонон азм доранд дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд иҷрои дурнамои кишти пахтаро дар шаҳр таъмин намоянд.