Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР БО ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТИ ОРИЁН

Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор пас аз шиносоӣ бо корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти Ориён, 3 апрел дар ҳавлии бинои маъмурии ҷамоат бо фаъолони ҷамоат мулоқот намуд.
Зимни мулоқот раиси шаҳр самтҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷамоатро таҳлилу баррасӣ карда, бо муовинон ва кормандони дастгоҳи ҷамоат ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ вобаста ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷамоат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият, аз ҷумла корҳои ободониву созандагӣ, сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии андозҳо, рафти кишти баҳории зироатҳо, таъминоти аҳолӣ бо барқу об ва ҷамъоварии маблағи онҳо ва дигар масъалаҳои самти иҷтимоӣ саволу ҷавоб намуд.
Дар ҷамъбасти мулоқот фаъолони ҷамоатро таъкид намуд, ки рӯз аз рӯз беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мову шумо натиҷаи ҷаҳду талошҳои бесобиқаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Пешвои ғамхору адолатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, заҳмати аҳлонаи мардуми кишвар, аз ҷумла шумо сокинони Ҷамоати деҳоти Ориён низ, маҳсуб меёбад.
Соли 2026 дар кишвари мо ҷашни пурифтихору бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва дар ёд дошта бошем, ки танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаву софдилона метавонем ба комёбиву пешравиҳои бештар ноил гардем ва ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатиро бо дастоварду туҳфаҳои арзишманди меҳнатӣ истиқбол намоем .
Изҳори итминон намуд, ки мардуми сарбаланду бошарафи Ҷамоати деҳоти Ориён бо кору фаъолияти созандаи худ барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи зебои Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон ва таҳкими иқтидори иқтисодӣ, рушди иҷтимоии ҷамоат саҳми шоиставу арзишманд мегузоранд ва корҳои ободониву созандагиро вусъат мебахшанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба сокинони ҷамоат тансиҳатӣ, хонаи обод, рӯзгори пурфайз орзу карда, дар масири ободонии диёр барори кору пешравӣ таманно намуд.
Сокинони ҷамоат ба раиси шаҳр барои таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайваста дар рушди деҳоти Ориён изҳори сипос намуданд.