Дар фазои идонаи баҳор ва дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ 2 апрели соли равон дар Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.Чорабинӣ бо ҳузури намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, инчунин роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагони муассиса баргузор шуд.
Маросими идона дар саҳни муассиса бо ороиши рамзии наврӯзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастархони идона ва барномаи фарҳангии рангин оғоз гардид. Хонандагон бо либосҳои миллӣ ва баромадҳои ҷолиби ҳунарӣ фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуда, суннатҳои неки аҷдодиро таҷассум карданд.
Дар оғози чорабинӣ директори Литсей Бурихонова Зарина суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфт.
Ӯ таъкид кард, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни баҳор, балки рамзи эҳёи табиат, покизагӣ, дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои роҳбарияти давлат ин ҷашни бостонӣ эҳё гардида, мақоми байналмилалӣ касб намудааст.
Директори муассиса нақши Наврӯзро дар тарбияи насли ҷавон муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Ӯ аз дастовардҳои хонандагон ва омӯзгорон ёдовар шуда, барои иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти фарҳангии муассиса изҳори сипос намуд.
Сипас, намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор низ суханронӣ карда, аҳамияти Наврӯзро ҳамчун ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамгироии фарҳангҳо таъкид намуданд. Онҳо фаъолияти муассисаро дар самти таълиму тарбия ва рушди касбомӯзӣ баланд арзёбӣ намуда, ба ҳайати омӯзгорон ва хонандагон барору комёбиҳои нав таманно карданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаҳои ҷолиби консертӣ, аз ҷумла сурудҳои миллӣ, рақсу саҳначаҳои театрӣ ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ пешниҳоди ҳозирин гардид. Хонандагон бо маҳорати баланд анъанаҳои қадима, аз қабили суманакпазӣ, ҳафтсин ва ҳафтшинро ба намоиш гузошта, таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ маросими қадрдонӣ баргузор гардид. Директори муассиса Бурихонова Зарина ба як қатор хонандагони фаъол ва аълохон барои дастовардҳои назаррас дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ифтихорномаҳо тақдим намуд. Ин иқдом боиси болидарӯҳии хонандагон гардида, онҳоро барои расидан ба қуллаҳои нав ҳавасманд сохт.
Чорабинии идона дар фазои шодиву нишот ва рӯҳияи баланди миллӣ анҷом ёфта, бори дигар нишон дод, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон дар дилу зеҳни ҷавонон ҷойгоҳи устувор дорад ва дар тарбияи маънавии онҳо нақши муҳим мебозад.

