НАТИҶАҲОИ ФЕСТИВАЛИ III БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАРЗИШҲОИ МУТОБИҚШАВАНДА «ИМПУЛЬС» — INTERNATIONAL INCLUSIVE GAMES 2026 ДАР ШАҲРИ СОЧИ
Дар шаҳри Сочи Фестивали III байналмилалии варзишҳои мутобиқшаванда «ИМПУЛЬС» — International Inclusive Games 2026 бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷамъбаст гардид. Чорабинии мазкур варзишгарони дорои имкониятҳои маҳдуд аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳам оварда, намунаи олии иродаи матин, рӯҳи баланди рақобат ва талош ба пирӯзиҳоро ба намоиш гузошт.
Дар доираи фестивал зиёда аз 900 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 20 намуди варзиш ва беш аз 90 риштаи гуногун барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ ба рақобат гузошта шуданд.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии мусобиқаҳо:
Федератсияи Русия ҷойи якуми умумиро ишғол намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюмро касб намуда, анъанавӣ натиҷаҳои назаррасро дар як қатор намудҳо ба қайд гирифт.
Ҷумҳурии Беларус ҷойи сеюмро ишғол намуд.Ҳамзамон, ҷойи 4-ум — Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷойи 5-ум — Ҷумҳурии Арманистон ва ҷойи 6-ум бошад Абхазия сазовор гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар фестивал ҳайатҳои варзишӣ аз зиёда аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намуда, онро ба як ҷашни воқеан байналмилалии варзиш табдил доданд.


