Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ОҒОЗ ГАРДИД

7 апрели соли 2026 дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” бо иштироки ғолибони даври интихобии озмуни мазкур, ки моҳи март дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр баргузор гардида буд, оғоз гардид. Раиси комиссияи шаҳрии Озмун- муовини раиси шаҳри Ҳисор Зиёвиддинзода Гулноза ба кори озмун оғоз бахшида ба иштирокчиён дар ин сабқати фарҳангу ҳунар комёбиҳои назаррасро таманно намуданд.