Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МУЛОҚОТ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10 апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор мулоқоти муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Муқимӣ Нигора Аминзода бо фаъолони шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин баргузор гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба чорабинӣ бо сухани муқаддимавӣ оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Ҳамзамон, афзуд, ки мулоқот дар доираи ҳамкориҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои банди 29 нусха аз Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2025, дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2026 вобаста ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои таъбиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Сипас, Муқимӣ Нигора Аминзода дар бораи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ суханронӣ карда, нуктаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ дод.
Дар идома дар робита ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти комиссияву ташкилотҳои марбута, ҳамчунин ташвиқу тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар давоми даҳсолаи охир дар ҷодаи волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайян ва роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳо дар самти ҳуқуқи инсон ва кӯдак ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин, барои фаъолияти пурсамар дар ин самт, ба масъулини дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, нафақа ва суғартаи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дин, танзими ҷашну маросим, комиссияи ҳуқуқи кӯдак, мақомоти васояту парасторӣ, комиссариати ҳарбӣ, фаъолону соҳибкорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳалла вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар интиҳои мулоқот вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бо аҳли нишаст мубодилаи афкор сурат гирифт.