Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТОҲИР РАШИД ОБОД КАРДАНИ ВАТАНРО ИБОДАТ МЕДОНАД ВА ХУД 100 000 СОМОНӢ БА СОХТМОНИ ПУЛИ БАЙНИ ДЕҲАҲОИ ТАХТУ КАФШДӮЗОНИ ШАҲРИ ҲИСОР  МАБЛАҒГУЗОРӢ НАМУД

Тоҳир Рашид – олими исломшинос қаблан низ, дар таъмири роҳи самти Искичи деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ маблағгузорӣ карда, ҳамчунин нафаронеро, ки аз ибтидо то интиҳои таъмири роҳ дар ин кори хайр саҳмгузор буданд, қадршиносӣ кардааст. Дар хусуси хайру эҳсони Тоҳир Рашид ва дигаронро ба ин амалҳои хайру савоб ҳидоят кардани ӯ  дар саҳифаи расмии МИҲД-и шаҳри Ҳисор – дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаи шаҳрии “Ҳисори Шодмон” низ, матлаб ба нашр расонида будам ва нафарони зиёд, шиносу ношинос хоҳиш карданд, ки Тоҳир Рашидро барояшон бештар муаррифӣ намоям. Бинобар, тасмим гирифтам бо розигии устод Тоҳир Рашид аз зиндагиномаи ӯ дар саҳифаи фейсбук маводи зерро интишор намоям.

Тавре аз дониставу хондаву шунидаҳоям бармеояд, Тоҳир Рашид зодаи деҳаи Нилуи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ буда, маълумоти миёнаро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 гирифтааст ва бо ифтихору эҳтиром устодони хеш Бобо Шералиев, Самандар Норов, Муссо Низомов, Насриддин Сатторов, Ҳалим Шарифов, Наҷмиддин Убайдов, Абдуваҳоб Холов, Файзиддин Худойбердиев, Иноятулло Юсуфов, Зулфиқор Саидов, бародари киромашон Абдусабур Восиевро ба ёд меорад, ки дар таълиму тарбияи ӯ дар роҳи илму дониш нақши мондагор доранд.

Тоҳир Рашид баъди хатми Донишгоҳи Политехникӣ (ҳоло техникӣ)-и Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст, аз ҷумла 10 сол Муассисаи нақлиёти автомобилии №14-и шаҳри Ҳисорро сарварӣ кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ коллективи 1200 нафараи муассиса дар миқёси собиқ давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ сазовори Байрақи сайёри ИҶШС (СССР) шуд ва номи муассиса дар тахтаи фахрии Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқ (ВДНХ)-и СССР сабт гардидааст.

Сабаби рӯ ба омӯзиши дини ислом овардани хешро Тоҳир Рашид дар ҷое чунин шарҳ медиҳад:  – Падарам, ки домуллои як гузари деҳаи Нилу буданд, маро аз хурдӣ илми шариат омӯзониданд. Ҳамин омӯзиши даққиқи ислом боис гардид, ки фиребу найранги баъзе ходимони динро, ки таълимоти дини исломро ба манфиати худ истифода бурда, Қуръонро ба доми тазвир табдил медоданд пайхас мекардам ва ин омил маро ба омӯхтани фалсафаи дини ислом ва тафсиру таъвили Қуръони Маҷид водор менамуд.

Маврид ба ёдоварист, ки Тоҳир Рашид бо супориш ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиш ва мубодилаи таҷриба дар таҳқиқи масъалаҳои илмии исломи муосир, сиёсати давлати Тоҷикистон нисбат ба дин, омӯзиши фазилатҳои дини мубини Ислом ва таблиғи сулҳу таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафия  ба зиёда аз 20 давлат, аз ҷумла Амрико, Хитой, Эрон, Япония, Кишварҳои Муттаҳидаи Араб ва ғайра сафар кардааст.  Созмони Робитаи олами ислом дар шаҳри Маккаи Мукараммаи Арабистони Саудӣ ба Тоҳир Рашид унвони шайхиро сазовор донистааст ва дар ин ришта рисолаи илмӣ низ, ҳимоя карда, сазовори номзади илм гардидааст.

Баъдан, тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1995, №526, аз 8 майи соли 2001, №212 ва аз 25 декабри соли 2004, №490 дар вазифаҳои гуногун таъйин ва фаъолият кардааст. Зиёда аз 10 сол дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди масъул-сарпарасти ташкилотҳои динии кишварро бар уҳда дошт.

Холисона ва аз барои лиллоҳ 10 китоб, 6 рисола ва зиёда аз 30 мақола оид ба масъалаҳои мубрами рӯз аз назари дини мубини ислом таълиф намуда, инчунин, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ низ, ба нашр расонидаам, – мегӯяд Тоҳир Рашид. Доир ба мавзуи “Ҷойгоҳи илм дар Қуръон” дар Шӯрои илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон рисолаи номзади илмро дифоъ кардааст, ки нахустин пажӯҳиш дар ин ришта аст. Рисолаи илмиаш бо Фармони №1623/нк-5  Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия тасдиқи худро ёфтааст.

Нисбат ба китобҳои нашрнамудаи Тоҳир Рашид “Сад саволу сад ҷавоб”, “Адолат дар никоҳ”, “Ҷойгоҳи илм дар Қуръон”, “Баъзе аз рукунҳои илмии Қуръони Маҷид”, “Доми тазвир макун Қуръонро”, Раҳоӣ аз ғафлат”,  “Муолиҷа бо Қуръон”, “Муносибати ҷомеа ба дин” ва ғайраҳо зиёда аз 69 тақризи мусбат ва 2 тақризи манфӣ аз ҷониби олимони бонуфузи кишвар, аз ҷумла ноиби Президенти Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, академик Кароматулло Олимов, доктори илмҳои фалсафа, академик Мусо Диноршоев, академикон М.Лутфуллоев ва Қ.Б.Қодиров, узви вобастаи Академияи илмҳо С.Шербоев, профессор С.Э.Неъматов, профессор Ш.Р.Исрофилиён, доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи Академияи илмҳо марҳум А. Муҳаммадхоҷаев, ходимони варзидаи дин домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода, Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода ва дигарон навиштаанд, ки баъзеашон дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расидаанд.

Солҳои фаъолият, дар вазоратҳо, идораҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 400 сӯҳбату вохӯриҳо доир ба масъалаҳои мубрами рӯз аз назари дини мубини ислом гузаронидааст.

Тибқи дархости зиёди мардум ва мактуби кумитаву идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо китобҳояш бознашр шудааст.

Ба заҳмати устодонаш бо эҳтирому самимият –  Шумо пайравони Пайғамбар (СС) ҳастед гуфта, арҷ мегузорад ва онҳоро солҳои дар мансаб будан дар тамошои театру сафари мавзеҳои таърихии диёр пайваста сарпарастӣ карда, борҳо ба эҳтиромашон зиёфат оростааст.

Ёд дорам, солҳои 70 ва 80-уми қарни гузашта шоиру нависандагони Тоҷикистон, аз ҷумла Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва даҳҳои дигарро ба деҳа даъват карда, бо зиёиёни деҳа базму маҳфилҳои шеъру тарона оростааст.

Олими шарқшинос, Доктори илмҳои филологӣ Сайфиддин Акрамзодаи Тӯдаӣ дар шинохти Тоҳир Рашид боре бо лутфу меҳрубонӣ ёдовар шуданд, ки  Ӯ, – манзурашон Тоҳир Рашид буд, ба аҳли илму адаб эҳтироми хос дорад ва солҳое, ки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият мекард, даҳҳо ва шояд садҳо маротиба сафари дастҷамъонаи олимону адибон ва зиёиёни водии Ҳисорро ба гӯшаҳои таърихию фарҳангӣ ва корхонаҳои саноативу ишооти бузурги кишвар, аз ҷумла Заводи алюминнии тоҷик, НБО “Норак “, заводи чинибарории шаҳри Турсунзода, Музейи таърихии ба номи Беҳзоди шаҳри Душанбе, Чилдухтарон, Чилучорчашма, Искандаркӯл, Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент, сарҳади давлатӣ, осоишгоҳҳо ва даҳҳои дигар, инчунин тамошои театру кино ба филмҳои таърихӣ ташкил ва сарпарастӣ кардааст.

Тоҳир Рашид имрӯз давлати пирӣ меронад ва чун одати фитрӣ худро аз ҷомеа дур гирифта наметавонаду мудом байни мардум мебошад. Дар ободонии зодгоҳаш деҳаи Нилу дирӯзу имрӯз саъю талоши зиёд кардааст. Аз таъмири роҳи зодгоҳаш, ки ба қариби рӯи даст гирифта, аз ҳудуди деҳаи Чангоб оғоз  шуд, дастгирии молиявӣ карда, ҳамчунин, барои бунёди пули байни деҳаҳои Кафшдӯзон, Тахт ва Нилуи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бо дастгирии шогирдону дӯстон ва ихлосмандонаш  аз тамоми минтақаҳои кишвар зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ ва ба тарҳи нав маблағгузорӣ намуд.

Ҳар ҷое сухан аз ислом меравад, зиндагии бидуни хурофот, риояи талаботи қонуни танзим, дўст доштани Ватанро таъкид мекунад, дифоъ ва ободонии Ватанро қарзи ҳар як мусулмон, балки ибодат дониста, эҳтиром ба парчам, забон, таърих ва фарҳанги миллиро “ҷиҳод”-и маънавӣ меҳисобад. Устод Тоҳир Рашид пайваста таъкид менамояд, ки ҳама динҳои илоҳӣ пойдории давлат ва ҳифзу ободии Ватан, сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату бародариро, ки кафили зиндагии босаодат маҳсуб меёбанд, талқин менамоянд.