Ҳамасола дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи 10 номинатсия: «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор карда мешавад.
24 апрели соли равон дар Амфитеатри боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни “Сайри гули лола” ҷамъбаст ва ғолибон бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
Муовини раиси шаҳри Ҳисор Зиёвиддинзода Гулноза зимни суханронии муқаддимавӣ аз рафти баргузории озмун дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо ёдовар шуда, аз беҳтаринҳо ном бурд ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос карда, ба ғолибон “Диплом”, “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва ҳаваскорони санъати муассисаҳои таҳсилотии шаҳр барномаи рангини консертиро, иборат аз шеъру таронаҳои таранумгари зебогиҳои табиати диёр пешкаши ҳозирин намуданд.

