20 апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин ва бо иштироки судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Балаҷон Алиҷон, ёрдамчии судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангзода Гулизор Раҳмон, прокурори калони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибзода Суҳроб Иброҳим, прокурори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдзода Хусрав Назрихуҷа, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Ҳисор Рауфзода Ҳилолӣ Ҳайдар ва муовини раиси Суди шаҳри Ҳисор Ширинзода Ҷӯрабек бо фаъолони шаҳри Ҳисор вохӯрӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки вохӯрӣ дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо мақсади таъмини иҷрои “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” баргузор мегардад.
Нотиқон, дар баромади худ аз таҳкиму такомули сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар мамлакат, ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масъалаҳои об, иқлим, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамовозӣ пайдо намудани онҳо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ёдовар шуда, рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварро дар 35-соли соҳибистиқлолӣ муфассал таҳлилу баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, иброз доштанд, ки Дар Паёми Президенти кишвар дигар масъалаҳои муҳим, ки марбут ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошанд, баррасӣ гардида, ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат, таъмини адолати иҷтимоӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ, таъмин намудани адолати судӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионӣ аз нахустин солҳои ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ онро, ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ ба роҳбарӣ гирифта, дар заминаи он нақша-чорабиниҳои далхдорро қабул ва амалӣ менамоянд, ки амалӣ шудани онҳо боиси беҳтар гаштани шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мегарданд.
Дар идомаи ҷаласа, нотиқон вобаста ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба вазъи қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба созмону ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, инчунин муаррифии мазмуну моҳияти “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2026-2030 суханронӣ карда, роҳҳои пешгирӣ аз ин падидаҳои номатлубро бо иштироки аҳли ҷомеа дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, худидоракунии шаҳраку деҳот, зиёиён, хоса омӯзгорону ходимони дин мушаххас таъкид намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, фаъолони шаҳр бо қаноатмандӣ аз рафти мулоқот ва мазмуну муҳтавои он, андешаю пешниҳоди худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, иброз доштанд.



