ИСТИҚБОЛИ БАРОДАРОНИ САРБОЗ ДАР ДЕҲАИ ҲОСИЛОТИ ШАҲРИ ҲИСОР
Бародарон Дилшод ва Илҳом Юсуфовҳо аз деҳаи Ҳоислоти Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, ки дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуданд, ба зодгоҳ баргаштанд.
Сарбозонро дар ҳавлии истиқоматиашон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, дастгоҳи ҷамоат ва дӯстону пайвандонашон таҳти садои дафу най истиқбол гирифта, самимона хайрамақдам ва муборакбод гуфтанд.

