Шоми 27 апрели соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки ҳайати Комиссияи давлатии ҷашни 35-солгаии Истиқлолият дар шаҳр, роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳо, раисони ҷамоат ва соҳибкороне, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи ҷашн иншооти бунёд намудаашонро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд, Ситоди корӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни Ситод масъалаҳои омодагӣ ба ифтитоҳи иншоот дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва сохтмон, савдою хизматрасонӣ ва фарҳангу варзиш, инчунин ҳуҷҷатгузорӣ намудану бартараф кардани мушкиливу камбудиҳои ҷойдошта дар бунёди иншоот, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

