Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲРИ ҲИСОР АЗ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАРОРА

Имрӯз, 1 майи соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, бо сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Шарора ташриф оварда, аз рафти корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати мазкур боздид намуданд.
Нахуст, аз рафти сохтмони корхонаи истеҳсоли хишт ва сементбарории ҶДММ “Евростандарт” ва фаъолияти Фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи Шарора” дидан карда, дар идомаи сафар бо ҷараёни корҳои сохтмон дар бинои бисёрошёна бо болопӯш ва марказҳои савдою хизматрасонӣ, бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Шарора, мактаби мусиқӣ ва кӯдакистон воқеъ дар кӯчаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстии шаҳраки Шарора, инчунин фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии ҳудуди ҷамоат шинос гардиданд.
Ҳамчунин, ҳайати корӣ дар хоҷагии таҷрибавӣ истеҳсолии “Зироаткорӣ”-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз ғаллазори хоҷагӣ, ки гандум ва ҷав кишт шуда, хуб нашъунамо меёбад, дидан карданд.
Дар фарҷоми сафари корӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, ба номи Олег Қосимов мулоқоти раиси шаҳр бо фаъолону сокинону ҷамоат баргузор гардид ва масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоат дар соли 2025 ва семоҳаи якуми соли 2026, омодагии ҷамоат ва рафти корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолият мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.