Субҳи имрӯз дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҳамасола дар кишвар таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси шаҳриҲисор Зиёвиддинзода Гулноза иштирок карда, иштирокчиёни чорабиниро муюборакбод гуфт ва ҳакамонро ба озоду шаффоф баҳогузорӣ кардан ба лаёқати довталабон ҳидоят намуд.
Зикр гардид, ки дар даври аввали озмун, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид, зиёда аз 20 ҳазор дӯстдорони каломи бадеъ ширкат карда, беш аз 2 000 нафар беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд ва иштирок менамоянд.

