Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ БА ШАҲРИ ҲИСОР

10 июни соли равон ҳайати иштирокчиёни Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ, ки таҳти унвони “Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ” бо иштироки аҳзоби бонуфузи сиёсии кишварҳои дӯсту ҳамкор бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвари мо шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва ҷавонони шаҳр тибқи таомули аҷдодӣ, таҳти садои карнаю сурнай бо нону намак истиқбол гирифта, ташрифи онҳоро ба шаҳри бостонӣ хайрамақдам гуфтанд.
Дар идомаи сафар, меҳмонон аз дараи Алмосӣ, ки бо қарори Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) 08 июли соли 2025 ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ-GIAHS”ворид гардидааст дидан карда, бо боғи гелсос ва токзори минтақа, инчунин дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор меҳмонон бо Регистон, Арки қалъа, Қасри Ҳоким, Аскархона, Амфитеатр ва раставу дӯконҳои ҳунармандии дохили қалъа шинос гардиданд.
Ба муносибати ташрифи меҳмонон, дар тарабхонаи “Шаршара” чорабинии пуршукӯҳи шоми фарҳангӣ баргузор гардида, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертиро манзури меҳмонон намуданд.