Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАШРИФИ ИШТИРОКЧИЁНИ ФОРУМИ XI БАЙНАНЛМИЛАЛӢ БА ШАҲРИ ҲИСОР

Имрӯз, 26 июн дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод»-ро ки дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе қарор доранд, пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Ҳамчунин, меҳмононро бо қабул гардидани Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, шодбош гуфта, афзуд, ки Санади мазкур ба ояндаи дурахшони шумо нигаронида шуда, аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.
Зикр гардид, ки бо мақсади тарғиби васеи муҳтавои қатъномаи мазкур дар рӯзҳои 26 ва 27 июни соли 2026 бо иштироки доираи васеи аҳолӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, ҳамоишҳо, вохӯриҳо ва маъракаҳои оммавӣ баргузор мегардад ва тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ мазмуну муҳтавои қатъномаи мазкур ба таври густурда тарғиб мегардад.
Ба муносибати ташрифи меҳмонон ва бо мақсади хушҳолии онҳо дар тарабхонаи “Шоми Қалъа” дастархон ороста, базми рақсу суруд доир гардид.
Наврасону ҷавонон аз мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дидан карда, бо ёдгориҳои таърихӣ аз наздик шинос гардиданд ва бо таасуроти нек ба пойтахт-шаҳри Душанбе баргаштанд.