Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИҶЛОСИЯИ ҲАШТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҲИСОР, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

30 июни соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ Иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи Иҷлосияро иборат аз 16 масъала – рафти иҷрои “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар шаҳри Ҳисор, ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба масъалаҳои одоби вакилӣ ва назорати Дастури Маҷлиси вакилони халқ, пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум аз ҳавзаҳои интихоботии “Равшан” №10 – “Турдибобо” №14, “Нурафшон” №19 , “Алмосӣ” №23 ва “Сурхакчашма” №37, таъини интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии болозикр, ташкили комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии Шуроби Афғон №18, ворид намудани тағйирот ба қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026, ворид намудани тағйирот ба қисми хароҷоти буҷети шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026, тасдиқ намудани қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 4 феврали соли 2026, №53, “Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати комиссияи минзили назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор”, тасдиқ намудани қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 1 майи соли 2026, №284 “Дар бораи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор” , тасдиқ намудани қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 6 майи соли 2026, №304 “Дар бораи тасдиқи санади Комиссияи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор”, ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳаллаҳои аҳолинишини навташкили ҳудуди шаҳри Ҳисор ва номгузорӣ намудани онҳо, тағйир додани сарҳади ҷамоатҳои шаҳраки Шарора ва деҳоти Ҳисор барои ташкили ҷамоати деҳоти нав, табдил додани муассисаи таҳсилоти ибтидоии №117 ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №124 ва муассисаи таҳсилоти умумии асосии №95 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъсиси Муассисаи томактабии нав, рақамгузорӣ намудани он бо №5 ва номгузорӣ намудан, воқеъ дар маҳаллаи Ҳамадонии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ва молиявӣ қабул карда шуд.
Вакилон масъалаҳои қабулнамудани рӯзномаи Иҷлосияро баррасӣ карда, вобаста ба он қарорҳои дахлдори раиси шаҳрро қабул намуданд.
Бо ҳамин Иҷлосияи ҳаштуми МВХ-и шаҳри Ҳисор, даъвати ҳафтум ба кори худ анҷом бахшид.