2 июли соли 2026 дар толори шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор таҳти раёсати прокурори шаҳр, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор, мушовири адлияи дараҷаи як Раҳмон Умедҷон Нуридин бо ҳузури аъзои Шӯро, сардори шуъбаи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Акрам Маҳмадалиев, сардори дидбонгоҳи гумруки дар шаҳри Ҳисор Наврӯз Достонзода, сардори шӯъбаи хадамоти иҷро Хусрав Шоҳиён, сардори нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор Фариддун Шарифзода, инчунин, муовини раиси шаҳри Ҳисор Хайриддин Нурализода ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур баргузор гардид.
Дар кори Шӯро фаъолияти Нозироти андози шаҳр, аз ҷумла масъалаҳои пардохти андозҳо ва баргардонидани бақияпулиҳои қарзи андоз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Прокурори шаҳр аз зиёд будани бақияпулиҳои қарзи андоз, бахусус, аз ҷониби андозсупорандагони калон эроди ҷиддӣ гирифта, барои баргардонидани онҳо ба масъулини нозироти андоз дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Дар кори Шӯро муовини раиси шаҳри Ҳисор Хайриддин Нурализода суханронӣ карда, оид ба нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр дар соли 2026 андозҳои воридгардида ба буҷет, пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ муфассал маълумот дод.
Ҳамчунин, ҳиссаи бақияи қарзи андозҳоро дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, савдо ва хизматрасонӣ шарҳу эзоҳ дод. Афзуд, ки бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва сода гардонидани пардохти андозҳо дар шарҳ 8-адад бонк ва 4-адад ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ фаъолият менамоянд ва ҳисоббаробаркуниҳои худро ба таври ғайринақдӣ амалӣ намуда истодаанд.
Дар ҷамъбаст раиси Шӯро барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷамъоварӣ намудани бақияи қарзи андозҳо ба масъулини нозироти андоз дастуру супоришҳои мушаххас дод.

