Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ ДАВЛАТИ ҚАТАР БА ШАҲРИ ҲИСОР

3-июли соли 2026 Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар, доктор Марям бинти Абдулло Ал-Атийя ҳамроҳ бо ҳайати корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Меҳмононро Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Носирзода Ҷаббор дар даромадгоҳи шаҳри Ҳисор пазироӣ карда,  хайрамақдам гуфт.
Меҳмонон аз боғҳои мева ва токзорҳои шаҳри Ҳисор боздид намуда, бо парвариши навъҳои гуногуни меваҳои тару тозаи маҳаллӣ, аз ҷумла зардолу, шафтолу, олу, гелос, ангур, анҷир ва полезиҳо шинос гардиданд. Ба фаровонии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, сифат ва таъми лазизи онҳо баҳои баланд доданд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки рушди соҳаи боғдорӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати аграрии мамлакат ба ҳисоб рафта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола майдони боғҳои интенсивӣ васеъ мегардад.
Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти меваҳои хушсифати ватанӣ сол то сол афзоиш ёфта, дар бозорҳои дохилу хориҷ харидорони худро дорад.
Ҳамчунин, меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор, аз ҷумла қалъаи қадимаи Ҳисор, осорхона ва дигар ёдгориҳои нодири таърихӣ боздид намуда, бо таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни тоҷикон аз наздик шинос шуданд.
Меҳмонон аз корҳои ободонӣю созандагии сокинони шаҳри Ҳисор изҳори қаноатмандӣ карда, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни ду кишвари ба ҳам дӯст ҳавасмандии худро байён доштанд.
Дар тарабхонаи «Шаршара» ба ифтихори ташрифи меҳмонон дастархон ороста, беҳтарин таомҳои миллии тоҷикӣ ва меваю маҳсулоти тару тозаи маҳаллӣ пешкаши меҳмонон карда шуд. Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ба хотири болидарӯҳии меҳмонон барномаи ҷолибро иборат аз шеъру тарона пешкаши меҳмонон намуданд.
Меҳмонон барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти шаҳри Ҳисор изҳори сипосу миннатдорӣ карда, бо таъсуроти нек ба пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргаштанд.