8 июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор маҷлиси васеи корӣ баргузор гардид. Маҷлис таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ доир шуд. Дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифтанд.
Дар маҷлис муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ, раисон, муовинон ва котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, инчунин роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ташкилоту муассисаҳо, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз эълони рӯзнома ва қабули регламенти маҷлис, муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2026 маърӯза намуд. Вай дар асоси таҳлилҳо натиҷаҳои ба даст омада ва мушкилоти соҳаҳои гуногунро дар ин давра шарҳу тавзеҳ дод.
Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 2 миллиарду 545,9 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати рушд 109 фоиз таъмин гардид, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 202,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, суръати рушд дар соҳаи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 106 фоиз, кишоварзӣ 107,7 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 149,4 фоиз, гардиши савдо 104,3 фоиз ва ҳаҷми хизматрасонӣ 110,3 фоизро ташкил дод.
Раиси шаҳр дар идомаи маҷлис вобаста ба фаъолият ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳисоботи муовинони соҳавиро шунида, ба рафти татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2026 ва иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар шашмоҳаи аввали соли 2026 устувор арзёбӣ кард. Мавсуф вобаста ба раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сари вақт мавриди истифода қарор додани иншооти ҷашнӣ, барҳам додани бақияпулиҳои андоз, рушди соҳибкорӣ, фаъолияти пурсамари бонкҳо, инчунин соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, дар соҳаи кишоварзӣ самаранок истифода бурдани заминҳо, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва дарёфти манбаъҳои алтернативии он, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷинояткорӣ, экстремизм, терроризм ва хурофотпарастӣ таъкид гардида, бо ироаи якчанд тавсияву пешниҳодҳо вазифагузорӣ карда шуд.
Дар ҷамъбасти маҷлис раиси шаҳр суханронӣ намуда, ба муовини якум, муовинони соҳавӣ, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони сохторҳои марбута вобаста ба ҳалли масъалаҳое, ки дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон тибқи талабот иҷро нагардидаанд, супоришҳои қатъӣ дод ва вазифагузорӣ намуд.
Дар қисмати тантанавии маҷлис раиси шаҳр иброз дошт, ки ҳар як муваффақият, нишондиҳандаи баланд ва дастоварде, ки дар ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба даст омад, маҳсули меҳнати содиқона, шабонарӯзӣ ва созандаи сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Ҳисор мебошад. Таърихи нави давлатдории мо собит месозад, ки ҳама гуна пешравӣ аз масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии ҳар як сокини диёр оғоз меёбад.Зикр гардид, ки бо мақсади қадрдонии заҳматҳои арзишманд, ҳавасмандгардонии фаъолияти назаррас ва арҷгузорӣ ба саҳми арзандаи пешқадамони соҳаҳои соҳибкорӣ, кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва хизмати давлатӣ дар рушди шаҳр, як қатор фаъолон бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ва раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор «Сипоснома»-ҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба пешқадамон супорида, онҳоро бо ин дастовард таҳният гуфтанд.


