РОҲИ ДОХИЛИ ДЕҲА МУМФАРШ ГАРДИД

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Равшандилони Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода бо саҳми аҳолӣ ва шахсони саховатпеша наздик ба 1,5 километр роҳи дохилидеҳавӣ таъмиру тармим ва мумфарш мегардад. Дар ин самт корҳо оғоз гардида, роҳсозон муташаккилона фаъолият доранд.