ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ҲИСОР

19 июли соли равон, раиси шаҳри Ҳисор, узви маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар рӯзи қабул 20 нафар сокинони шаҳрро ба ҳузур пазируфта, арзашонро пурсид. Муроҷиати шаҳрвандон бештар масъалаи дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоиро дар бар мегирифт ва масъулонро раиси шаҳр барои баррасии саривақтии мушкилоти мардум вазифадор намуд.