СИЛСИЛАҲАШАРҲО ДАР МАВЗЕҲОИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ҲИСОР
Бо иқдоми роҳбарияти шаҳри Ҳисор, бо мақсади ободониву поккорӣ дар хатсайри сайёҳону меҳмононе, ки ба шаҳр ташриф меоранд, хоса шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода ва самти осоишгоҳҳои воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ – “Шоҳамбарӣ”, “Сатурн”, Сангчашма” ва ғайра сокинони шаҳр рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромаданд. Ҳашарчиён дар минтақаҳои вобасташуда корҳои зиёди ободониро ба субут расониданд ва …
