Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Бахшида ба 78-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ
8 май дар пояи муҷассамаи Модар, воқеъ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор ба хотири гиромидошти хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941-1945 чорабинии пуршукӯҳ доир гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Карим Рашид ва Раҷаб Исмонов, инчунин муовинони раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр чун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи модару кӯдаки интизори роҳи ҷанговарон гулгузорӣ карда, хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро ёд карданд.
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар чорабинӣ суханронӣ карда, зикр намуд, ки Иди Ғалаба барои мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи таърихӣ маҳсуб ёфта, сокинони Тоҷикистон дар қатори дигар халқҳои сулҳхоҳи олам онро ҳамасола, ҳамчун санаи ёдбуди шаҳидони ҷанг ва бузургдошти корномаҳои мардони далеру шуҷоъ бар муқобили фашизм таҷлил мекунанд ва арҷ мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин ғалабаи оламшумули таърихӣ таъкид намудаанд, ки “Иди Ғалаба” барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Зеро, дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд. Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд.
Раиси шаҳр аз фидокории фарзандони халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар ин радиф аз қаҳрамониҳои фарзандони Ҳисор, минҷумла дорандагони ордени “Ситораи Сурх” собиқ депутати Шӯрои Олӣ Рашид Каримов, раиси собиқи собиқадорони ҷангу меҳнат Рустам Ёқубов, дорандаи ордени Ленин –омӯзгор ва Аълочии маорифи Тоҷикистон – Ҳасан Собиров, узви журналистони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Эргаш Қулиев, собиқ котиби Кумитаи иҷроияи ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор Зубайд Абдуллоев, собиқ котиби комитети комсомолии ноҳия Раҷаб Султонов, собиқ сарвари муассисаи ғаллақабулкунӣ Сафо Султонов, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Санг Муҳиддинов, Рауф Расулов ва Анвар Бобоев, собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Қарамқул (Ҳоло ба номи М Турсунзода), муҳофизи маршалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ-Георгий Константинович Жуков, Катуков Михаил Ефимович, Василий Данилович Соколовский аз деҳаи Муъминобод Мирзомаҳдӣ Каримов, иштирокчии мурофиаи таърихии Нюрнберг сокини деҳаи Мавлошарифи деҳоти Ҳисор Абулхайр Орипов, Собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Алмосӣ Аҳмад Шокиров, собиқ сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Ҳомидҷон Юсуфов, собиқ муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ, узви Иттифоқи журналистон Муъмин Муродов, собиқ сарвари мактаби №60 деҳаи Дурбат Очилдӣ Раҳмонов, ки ҳоло номи ӯро дорад, омӯзгор Файзулло Ҳусейнов, Ҳамроқул Саидов, Эгам Раҳимов, хоҳарони ҷанговари диёрамон, сокини деҳаи Чанори деҳоти Ориён, пулемётчидухтари ҳисорӣ Зайнаб Мухамедшина ва танкист-алоқачӣ Робиға Холматова ва даҳҳо дигар ёдовар шуда, иброз дошт, ки номи онҳо дар саҳифаҳои сабзи таърихи Ватан абадӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст. Ҳамзамон афзуд, ки чун умри инсон абадӣ нест ҳамасола сафи ин ахтарон як-як кам шуда, дар диёри мо – Ҳисори Шодмон имрӯз ҳамагӣ 2 нафарашон дар қайди ҳаётанд.
Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили рӯзи Ғалаба, ки ҳафтаи поси хотир эълон шудааст ва дигар ҷашнҳои миллӣ аз шаҳидони ҷанг ва иштирокчиёни ақибгоҳ ёд шуда, ба хотири арзи сипосу эҳтиром ба оилаҳои онҳо ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир карда мешавад ва соли равон Пешвои муаззами миллат ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 18 ҳазор сомонӣ туҳфа намуданд.
Қосим Роҳбар собиқадорони ҷангу меҳнат, онҳоеро ки беҳтарин солҳои умри азизи худро барои муҳофизати Ватан бахшиданд, дар ақибгоҳ бо заҳмату меҳнати фидокорона ба Ватан садоқат нишон доданд, инчунин, нафаронеро, ки дар ободию шукуфоии диёр саҳм гузоштаанд табрику таҳният гуфт ва дар Ватани маҳбубамон сулҳу осоиш ва амнияти пойдор таманно намуд.
Шогирдони муассисаи таҳсилотии хусусии “Нури ирфон” бо барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ карда, намунаҳо аз сурудҳои маъруфи даврони ҷангро бо маҳорати баланд пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.