Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

1 августи соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси тозатаъини шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор аввалин нишасти матбуотии худро бо иштироки доираи васеи хабарнигорон аз нашрияҳои марказиву маҳаллӣ ва радиову телевизион баргузор намуд.
Дар нишаст ҳамчунин муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ иштирок доштанд.
Носирзода Ҷаббор бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфт ва мухтасар оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2024 маълумот дод.
Зикр гардид, ки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар маҷлиси ҷамъбасти шашмоҳаи якум, ки 10 июли соли 2024 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ баргузор шуд таҳлил ва баррасӣ гардида, ҳисобот оид ба ҷамъбасти нишондодҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2024 шунида шуд.
Тазаккур дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр 2 млрд. 20,9 млн. сомониро ташкил дода, суръати рушд ба 114 фоиз баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 245 млн. 300 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 102,9 фоиз, кишоварзӣ 103,3 фоиз, гардиши савдои чакана 120,0 фоиз афзоиш ёфтааст ва албатта ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳр мусоидат намудааст.
Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 106 млн. 788 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷет 109 млн. 444 ҳазору 429 сомонӣ ворид гардид, ки 102,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 2 млн. 656 ҳазору 429 сомонӣ зиёд мебошад.
Котиби матбуотии раиси шаҳр Холзода Ҳидоятулло роҷеъ ба саволҳое, ки дар нишасти қаблӣ аз ҷониби рӯзноманигорон Сайди Ҳайдар аз ҳафтаномаи “Пайк”, Субҳониддин Маҳмудов аз АМИТ “Ховар”, Маҳбуба Камолова – ҳафтаномаи “Народная газета”, Муҳаммад Зокир -Рӯзномаи «Садои мардум», Саидэҳсони Ҷалолиён – Радиои “Тоҷикистон”, Ёқуби Содиқ – Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Нарзулло Ҷӯреав аз Радиои “Ховар” ба раиси шаҳр пешниҳод гардида, таҳлилу ҷавобҳои иловагиро тақозо менамуд, ба таври фушурда шарҳу тавзеҳ дод.
Сипас, хабарнигорон ба раиси шаҳр роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назарашон, аз қабили дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ, қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мушкилоти дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ, омодагӣ ба қабули хонандагон дар зинаи сеюми таҳсилот, мушкилот дар самти коркарди партов, бемориҳои сироятии аз ҳайвонот гузаранда ва эмгузаронии онҳо, садамаҳо дар хатҳои обрасонӣ, тарғиби либоси ба фарҳанги мо бегона, корҳои ташвиқотӣ оид ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ҳамин монанд саволу пешниҳодҳои хешро манзур намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар фарҷоми нишаст Носирзода Ҷаббор ба аҳли нишаст барои иштироки фаъолона изҳори сипос карда, афзуд, ки саволу пешниҳодоте, ки имрӯз матраҳ гардид, дар доираи ҳамкориҳо бо сохторҳои маҳаллӣ, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ зина ба зина ҳали худро пайдо хоҳанд кард.
Ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва пешгирӣ аз омилҳои манфии ҷойдошта дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифату маънавиёти мардум, рӯзноманигоронро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба ҳамкориҳои созанда даъват намуд. Изҳори итминон намуд робитаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо васоити ахбори омма минбаъд низ густариш меёбад ва баҳри рушду шукуфоии кишвари азиз – Тоҷикистон, манфиат ба нафъи давлату миллат якҷоя саъю талош хоҳанд намуд.