Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” байни довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор идома дорад.
Субҳи 23 августи соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Дилрабо Мансурӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҷараёни баргузории озмун шинос гардиданд.
Муовини Сарвазир ва раиси шаҳр ба толорҳое, ки довталабон аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм, эҷоди наср санҷиш мешуданд ворид ва бо шароитҳо дар баргузории озмун шинос шуданд. Бо ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва падару модарон оид ба шафофият ва риояи адолат дар баҳогузории озмун, инчунин, дар масъалаи ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзишу китобхонӣ суҳбат намуданд.
Ҳамчунин, ҳадаф ва мақсади баргузории озмунҳоро, ки соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, шинохти асолати миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои дурахшони илму маърифат маънидод карда, афзуданд, ки бо мусоидати омӯзгорон, падару модарон сол то сол сафи иштирокчиёни озмун бештар мегардад ва дар ин радиф шумораи номинатсияҳо батадриҷ зиёд мегарданд.
Ҳакамони озмун ва падару модарон дар баробари сипосу эҳтиром, барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати озмун ба муовини Сарвазир якчанд пешниҳоду дархосҳои хешро баён доштанд.
Тазаккур бояд дод, ки озмуни мазкур дар ҷаҳон назир надорад.