Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РӮЗИ ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ВА БОЗДИД АЗ ДЕҲОТИ НАВОБОД

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо мақсади баргузор намудани рӯзи қабули шаҳрвандон дар маҳал дар ҳайати муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба Ҷамоати деҳоти Навобод ташриф оварданд.
Дар соати қабули шаҳрвандон 12 нафар сокинони деҳоти Навобод асосан оид ба мусоидат намудани роҳбарияти шаҳр дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббӣ, варзишгоҳ, таъмиру таҷдиди роҳ, насби трансфарматор ва ивази симчӯбҳо, ки аҳолӣ иқдом гирифтааст, муроҷиат намуданд.
Носирзода Ҷаббор барои ташаббус дар ободонии диёр ба муроҷиаткунандагон изҳори сипос карда, шахсони масъулро барои таҳлил ва баррасии саривақтии масъалаҳои аз ҷониби сокинони деҳоти Навобод пешниҳодгардида, вазифадор намуд.
Пас аз анҷоми қабули шаҳрвандон, Роҳбари шаҳр аз омодагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ба Соли нави хониши 2023-2024 дидан карда, бо ороиши долонҳо, сифати таъмири синфхонаҳо ва рафти қабули кӯдакон ба синфи якум шинос гардид. Ҳамчунин, дар маросими оғози сохтмони парчами давлатии Тоҷикистон дар саҳни муассиса ва бетонрезии таҳкурсии пояи парчам иштирок намуд.
Дар идома Носирзода Ҷаббор аз рафти истифодабарии самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинон дар деҳаи Ҳамдилон ва дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ дидан кард.
Раиси шаҳр дар деҳаи Шопур, ки ҳашари бетонрезии сокинон дар таҳкурсии бино барои бунгоҳи тиббӣ ҷараён дошт, иштирок кард ва дар рехтани бетон шарикӣ намуд.