Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни умумимиллии 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва муовини раиси шаҳри Деҳнав Маҳмуд Расулов – роҳбари ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии тантанавӣ ва фарҳангии сокинони шаҳр баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ раиси шаҳр ва меҳмонон аз намоиши намунаи маҳсулоти корхонаҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Сипас, бо садо додани Суруди миллӣ қисми тантанавии чорабинӣ оғоз гардида, Носирзода Ҷаббор, Сурайё Дӯстмуродзода ва меҳмон Маҳмуд Расулов суханронӣ намуданд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандон аз шаҳри Душанбе ва дастаҳои ҳунарии филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддини, ансамблҳои рақсии “Сарвиноз”, созӣ овозии “Шодмон” ва фолклории “Бобоҷоно” бо барномаи рангини консертӣ ба чорабинӣ ҳусни идона эҳдо намуданд.
.