Имрӯз, субҳ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода дар деҳаи Даҳбед бо иштироки пиру барнои деҳа ба мумфаршкунии кӯчаҳои дохилидеҳавӣ оғоз намуданд.
Носирзода Ҷаббор бо дуои пирони кор ҳиссаҳои аввалини мумқирро рӯи роҳ пошида, аснои суханронӣ иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар арафаи таҷлили 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд ба сокинону меҳмонони шаҳр маҳсуб ёфта, солҳои дароз ба мардум хизмат хоҳад намуд.
Ҳамчунин, таъмири роҳро аз беҳтарин амалҳои хайру савоб, намунаи ибрат барои фарзандон ва авлотар аз маракаҳое, ки исрофкорие беш нест маънидод карда, ба сокинони ҳимматбаланди деҳаи Даҳбед аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 17 километр роҳро таъмиру таҷдид ва мумфаршу бетонпӯш намудаанд.

